ТАЪМИРИ ПУЛҲО БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми марти соли ҷорӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона бо ҳамроҳии раиси ташкилоти ибтидоии “Бохтариён” Валиев Маҳмадшариф рафти сохтмони пул, ки як чанд деҳаҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониёнро бо ҳам мепайвандад дидан намуда, ба аъзоёни ҲХДТ барои саҳмгузорӣ намудан дар корҳои созандагию бунёдкории ноҳия изҳори сипос намуд.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми нек бо ташаббуси як нафар шахси саховатманду дасткӯшо Мирзоев Ҳошим бо малағи на кам аз 100 ҳазор сомон дар ҳудуди ҳамин ҷамоат дар масофаи 15 метр дарозӣ ва 8 метр паҳноӣ, азнавсозӣ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳо бо суръат давом дорад.