ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти миллӣ ва накҳати Наврӯзи хуҷастапай роҳбар ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оила”, ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ пайваста миёни аҳолӣ корбарӣ менамоянд.

Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Иброҳимзода Муъмина Бозоралӣ, дар суҳбат афзуд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Иброз намуд, ки занону бонувони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепушем” фаъолона ширкат варзиданд.