АКСИЯИ ИДОНА ТАҲТИ УНВОНИ “НАВРӮЗ МУБОРАК”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми марти соли 2024 бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилал тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб аксияи идона таҳти унвони “Наврӯз муборак!” баргузор гардид.

Аксияро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳусни оғоз бахшида, доир ба байналмилалӣ гардидани Наврӯз, таҷлили бошукӯҳи он дар тамоми минтақаҳои кишвар, бузургиву шаҳомати Наврӯз ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оммавӣ гардонидани Наврӯз ва ҷаҳонӣ шудани он суханронӣ карда, тамоми мардуми диёрро ба фарорасии Наврӯзи аҷам ва баҳори оламафрӯз шодбош намуданд.

Дар фарҷом, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба кӯчаҳои марказии ноҳия баромада, зиёда аз 100 адад варақаҳои иттилоотиву табрикномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-ро ба сокинон ва ронандагон тақдим намуданд.