ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ МУАРРИФИГАРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Имрӯз бо дарки ин муҳиммият дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марказҳои гуногуни омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо сокинон ба омӯзишу фаъолият ҷалб шудаанд.

Дар даврони истиқлолият Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, баҳри аз нав эҳё намудани анъанаҳои сирф тоҷикӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз қадим миллати мо онро худ кашф намудаву ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда буду бо сабабҳои гуногун дар арафаи нестшавӣ қарор доштанд, иқдомҳои гуногунро ба роҳ монданд.

Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, соли 2018 дар ҷумҳурӣ “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки он дар роҳи эҳё намудани ҳунарҳои халқӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.