Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар семоҳаи якуми соли 2024

Қубодиён:  

Санаи  29-уми  апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи якуми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён баргузор  гардид.

Дар Маҷлиси ҷамъбастии мазкур раиси ноҳияи Қубодиён Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои  давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Дар маҷлиси ҷамъбастии  Кумита 4 масъала мавриди таҳлилу  баррасӣ қарор дода шуд:

  1. Натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроия дарсе моҳи якуми соли 2024;
  2. Ҷараёни амалисозии нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;
  3. Баррасӣ ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабул, хориҷ ва боздошти аъзои ҳизб;
  4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Сараввал  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин маҷлисро кушода эълон намуд. Дар рафти маҷлис Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба  натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар давоми се моҳи аввали  соли 2024 дар назди ҳозирин  ҳисобот дод.

Дар рафти баррасии масъалаи  дуюми маҷлис раиси Кумита оид ба ҷараёни амалисозии нақша чорабиниҳо оид ба таҷлили 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баромад намуда изҳор дошт, ки бо мақсади  таҷлили сазовори 30 солагии таъсисёбии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни фаъоли он як қатор корҳо амалӣ гашта истодаанд.

Пеш аз ҳама, вобаста ба омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани 30 солагии таъсисёбии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон бо қарори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз 14 июни соли 2023, №4 Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 солагии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон иборат аз 12 банд таҳия гардонида шуда мавриди корбарӣ қарор дода шудааст. Дар ин давра, тибқи банди 2-и Нақшаи чорабинии мазкур 4 маротиба Ситоди ноҳиявӣ оид ба 30 солагии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Ҳамин тариқ, аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Абдуллозода В суханронӣ намуда, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ – ро ба  аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб  расониданд.