БАРГУЗОРИИ  МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “МОЛИЯЧИЁН”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молиячиён” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид. Зимни баргузории маҷлис ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии ҳизбии “Молиячиён” шунида шуд.

    Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс оид ба ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ баромад намуд.