БАРГУЗОРИИ  МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “ТАБИБОН”

Қубодиён:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.

      Сараввал зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Табибон” Ойматов Х шунида шуд.

    Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Табибон” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.