ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ  ТИ ҲИЗБИИ “ОБОДКОР”

Қубодиён: Таҳлил  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкор” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.  Сараввал  зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Ободкор” шунида шуд.

    Қайд карда шуд, ки ташкилоти  ибтидоии  “Ободкор” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс оид ба ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии мазкур, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ баромад намуд.