ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БОЯД ФАРОГИР БОШАД.

Қубодиён: Андеша  

Таълиму тарбия равандест, ки насли наврасу ҷавонон бояд аз хурдӣ биомӯзанд ва дар омӯзиши он барои фарзанд на танҳо омӯзгорон, волидон низ муваззафанд. Волидайн ва омӯзгорон сарчашмаи  асосии таълиму тарбия ба ҳисоб мераванд. Онҳо бе ёриву дастгирии ҳамдигар ба мақсад расида наметавонанд. Вазифаи асосии онҳо таълиму тарбияи насли навраси комилан солиму созандаву бунёдкор мебошад. Ёдовар гардидан ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  дар шароити кунунӣ дорои аҳамияти муҳим мебошад.

     Ин қонун яке аз рӯйдодҳои хотирмон ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии он дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба Ватан ва ба арзишҳои милливу умумибашарӣ таълим додану тарбия кардани фарзандон, ҳамчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонуни онҳо мебошад, ки барои ба ҳаёти  мустақилона омода намудани онҳо мусоидат менамояд. Тарбия ва таълими насли наврас раванди нияҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст. Дар ин замина, таълиму тарбияи кдакон бояд дар мадди назари падару модар, омӯзгор, муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа қарор гирад.

      Омӯзгор ва тарбиятгар нафарест, ки  бояд тамоми ҳастии худро ба шогирд бахшад. Агар аз як тараф дониш, қувва, матонату заковат ва таҷрибаи  андӯхтаашро ба шогирд диҳад, аз ҷониби дигар, бояд масоили гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дарк намуда, дар лаҳзаҳои зарурӣ онро дар таълим ва тарбияи шогирдон мавриди истифода қарор диҳад. Дар маҷмуъ, муаллим дар ҷодаи ҳаёт бояд ҳамеша биомӯзад, зеро маънои калимаи  “Омӯзгор”  аз феъли фармоишии “Омӯз” гирифта шудааст.     Омӯзгор бевосита бо шогирдон ва дар баробари  ин, бо волидони онҳо сарукор дорад. Ах ин рӯ, ӯро зарур аст, ки чашми волидайнро барои тарбияи фарзанд фароҳу майдони наззораашро васеътар гардонад. Чунки насли наврасу ҷавонони айёми  истиқлол аз наслҳои асри  гузашта ба куллӣ фарқ мекунанд. Иттилооте, ки ба ҷавонони имрӯза тавассути шабакаҳои интернету дигар воситаҳои замонавӣ пешкаш мегардад, метавонанд онҳоро ба ду самт – фоидаовар ва зиёновар равона намояд, ки ҳам ҷанбаи манфӣ ва ҳам ҷанбаи  мусбати ин қабил иттилоотро нисбат ба волидон омӯзгорон пештар дарк карда метавонанд.

     Бояд гуфт, ки костагии тарбияи фарзанд аз беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, то ба серкориву бемасъулиятии волидайн сарчашма мегирад. Баъзе маврид волидон аз пайи мушкилоти  зиндагӣ шуда, ба фарзанди худ  диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Дар  натиҷа, беаҳамиятии онҳо боис мегардад, ки истифодаи беҳудаи шабакаҳои интернетӣ кӯдаконро бо роҳи нодуруст талқин менамояд ва пайомаи он на танҳо ба ҳаёти шахсӣ, балки ба обрӯю эътибори оила ва шаъну шарафи миллат низ таъсири манфӣ мерасонад. Агар падару модарон аз дӯстони иҳотакунандаи фарзандон, муҳити маънавии онҳо, аз машғулияте, ки ба он фарзандашон банд мебошанд, бохабар гарданд,  пас онҳо то дараҷае дар нашъунамои меваи умри хеш саҳмгузор шуда метавонанд.

     Вақти он аст, ки волидон нисбати таълиму тарбияи фарзандони худ бетарафӣ зоҳир накарда, аз фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо бохабар бошанд. Назорати ҷиддии волидайн ба хулқу атвори фарзанд таъсир мерасонад ва ниҳоят, ӯ дар ҳар қадами худ масъулият ва ҷавобгариро эҳсос менамояд. Мутаассифона, на ҳамаи падару модарон масъулияти худро хуб дарк менамоянд ва ҳатто бархе аз онҳо бар он ақидаанд, ки масъалаи таълиму тарбия танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  ба ин ҷиҳати масъала равшанӣ андохта, таълиму тарбияи фарзандро аз вазифаҳои асосии ҳар як падару модар медонад. Ҳар як падару модарро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд бодиққат бошанд.

      Дар ягон маъракаи калонсолон иштироки фарзандони ноболиғ рухсат нест. Иҷозат ҳам диҳанд, бояд ба сози моҳиёни безабони олами  обҳо бошӣ, вагарна ба бӯйи ифшою изҳори нуқтаи назари худ, ҳамчун “маҳмадоно” ради маърака хоҳӣ шуд.

     Фарзандони мо чун ба мактаб рафтанд, омӯзгорон онҳоро ба сӯӣи донишу омӯзиш роҳбари менамояд, даст ба дасти ӯ медиҳад ва ба ҷодаи одамият раҳсипор мекунад. Омӯзгор аст, месӯзаду месозад ва меомзонад. Аз ин рӯ ӯро меситоянду барояш дар ҷомеа арҷгузорӣ менамояд. Муаллимони хубро дарсҳояшон ҳамеша пухтаву шавқовар мегузаранд ва хонандаҳо аз онҳо баҳраи хуб мегиранд.

     Қобили қайд аст, ки рафтору амали ибратомӯзи одамон ба шуур ва ахлоқи наврасону ҷавонон тъсири ҷиддӣ мерасонад. Ҳар қадар эътибори калонсолон баланд бошад, хулқу атвори намунавӣ дошта бошанд, ҳамон қадар онҳо метавнанд ба шуур ва ахлоқи наврасону ҷавонон бештар таъсир расонанд. То ки онҳо далер, ростгӯ ва бовиҷдон ба камол расанд. Зеро фардои ин ё он кишварро ҳамон вақт метавон шукуфону пурфуруғ арзёбӣ кард, ки насли наврасу ҷавонон ва ояндасозони ватан хулқу атвори намунавӣ доранд. Бояд волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир намоянд. Бо дарназардошти ин, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб менамояд. Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба насли наврасу ҷавонон намуда, онҳоро ояндасози ватану миллат номидаанд. Ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат нисбати насли наврасу ҷавонон аз ҳар як падару модар ва омӯзгор масъулияти баланд дар таълиму тарбияи фарзандро тақозо менамояд. Чунки ояндаи Тоҷикистони азиз, ободу зебо гардонидан, сарсабзу хуррам ва шукуфон намудан, аз таълиму тарбияи неки насли наврасу ҷавонон вобастагии зич дорад. 

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳматзода Дилхоҳ