МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТАШКЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “АҲМАДИ ДОНИШ”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Аҳмади Дониш” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс ва фаъолони ҳизб баргузор гардид.

       Сараввал зимни баргузории маҷлис ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Аҳмади Дониш”  Шарипова Д. шунида шуд.

Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Аҳмади Дониш” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳгузор бошад.