ОРОИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Қубодиён:  

Дар ноҳияи Қубодиён ҳунармандон хеле зиёданд, ки маҳз бо ҳунари волои худ дар байни мардум обрӯю нуфуз пайдо намудаанд. Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ танқисӣ намекашад ва бо ин истеъдоди худ зиндагиро пеш мебарад. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунару ҳунармандӣ дар ҳама давру замон, мақоми воло дорад ва шахси ҳунарманд ҳамеша боқадру болонишин аст. Назокатҳои нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад.