ҚАДРДОНИИ ФАЪОЛОН ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-юми марти соли 2024 дар майдони варзишгоҳи ноҳияи Қубодиён ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастархони идона ороста онро бо хурокҳои миллии тоҷикона аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ оро доданд.

  Дар идома фаъолони аъзои ҲХДТ, раисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.