ИФТИТОҲИ  КОРХОНАИ ХУРДИ ИСТЕСОЛӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-юми марти сили 2024 бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён корхонаи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ кушода шуд. Дар  кушодашавии корхонаи мазкур Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия Қубодиён муҳтарам Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин иштирок намуданд.