БАРГУЗОРИИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 23-уми марти соли 2024 дар майдони варзишгоҳи ноҳияи Қубодиён Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар варзишгоҳи марказии ноҳия тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастархони идона ороста, онро бо хӯрокҳои миллии тоҷикона аз қабили ҳафтсину ҳафтшин ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ оро доданд.

Сараввал аҳли ҳозиринро раиси ноҳия Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик гуфта, дар кишту кори баҳорӣ ба сокинони ноҳия муваффақият орзу намуд.

Ҳамзамон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа - вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ноҳияро бо Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик намуданд.

Дар идома  фаъолони ноҳияи Қубодиён бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуда, ҳозирин аз ҳунарҳои мардумии ташкилотҳои ибтидоӣ дидан намуданд.