ЛИБОСИ МИЛЛӢ МУАРИФГАРИ МИЛЛАТ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 20-уми марти соли равон дар “Боғчаи бачагонаи №1” ноҳия бо иштироки мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Иди байналмиллалии Наврӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, такмили эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастии наврасдухтарон аз хурдии онҳо, тарғиби либосҳои миллии мардумӣ, пешгирӣ аз тамоюлҳои бегонапарастӣ дар ноҳияи Қубодиён аксия  таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем!" баргузор гардид.