ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР “БОҒЧАИ БАЧАГОНАИ №1” БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷашни Наврӯзи фархундапай дар “Боғчаи бачагонаи №1” ноҳия бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуд. Ҷамъи мураббия ва кӯдакони боғча бо рӯҳияи идона ба идгоҳ омада, ин ҷашни миллиро истиқбол намуданд.

Дар чорабинии мазкур масъулини Кумита иштирок намуда, ҳозиринро мудири бахши кор бо занони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия Намозова Холида аз номи ҳизбиёни ноҳия муборакбод намуданд. Пешниҳоди намоиши ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии либосҳои миллӣ ба тантанаҳо зиннати хоса бахшид. Ҳамчунин, барномаи пурмӯҳтавои омоданамудаи муҳассилини муассиса, ки муҳтавои тараннуми Наврӯз, истиқлоли Ватан ва суннатҳои хосаи ниёгон буданд, табъи иштирокдоронро болида гардонид.