“Соати сиёсӣ” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Қубодиён доир гардид

Қубодиён:  

Санаи 27 майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Қубодиён амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар ин амалиёти муштарак хонандагони синфои болоӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ масъалаҳои зерин дида баромада шуд:

1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;

2.Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатарҳои ҷомеа;

3.Риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №1 дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.