Дарси сиёсӣ дар муассисаи таълимии №37 ноҳияи Қубодиён гузаронида шуд.

Қубодиён:  

Дарси сиёсӣ, ки мавзўи он “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” буд, рӯзи 27-уми майи соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Қубодиён гузаронида шуд.

Омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-и Ҷамоати деҳоти Тахти Тангини деҳаи Гулистони ноҳия ин иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ иқдоми шоиста ва хеле муҳим ва баргузории дарсҳои сиёсиро талаби рӯз арзёбӣ намуданд.

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.

Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Аз ҷумла, дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Дар машғулиятҳои доиргардида омӯзгорон ва хонандагон оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд шарҳу тавзеҳо дода шуд.