ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ҷиҳати захираи дусолаи маводи ғизоӣ таъкид доштанд, ки ҳар як сокини кишвар бояд аз заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда, ба ин васила сатҳи зиндагии худро баланд бардоранд.

Дар ҳамин замина тибқи нақша-чорабиниҳои КИ  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ҳамкорӣ бо намояндаи бахши занон ва оилаи назди МИҲД-и ноҳия  аз замини наздиҳавлигии яке аз сокини маҳаллаи Ҳасани Шери ҷамоати деҳоти Озодагон дидан ба амал оварда, барои боз ҳам дуруст ба роҳ мондани захираи маводи ғизоӣ тавсеаҳои судманд пешниҳод намуданд.