Ташаббусҳои ҳизбӣ дар амал

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ташаббуси ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Мумфаршкунӣ яке аз самтҳои асосии ташаббуси дар боло зикргардида ба ҳисоб рафта, бобати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Варзишгоҳ» 1000 метри роҳи маҳаллаи ноҳия мумфарш карда шуд.

Аъзо ва ҷонибдорони ҳизб имрӯз сарҷамъона шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод карда, як гӯшаи маҳалро обод намуданд.

Ҳизбиёни ноҳия дар мумфаршкунӣ иштирок намуда, иқдоми мазкурро бориз ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

 

.