Терроризм ва экстремизм чун хатари бузурги аср

Панҷ: Вокуниш  

   Аз сабабе, ки тарзи фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нестанд, онҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунад. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намояд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализми динӣ ба марҳилаи сеюми худ, яъне ба марҳилаи терроризм мегузарад. Бо ифодаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Террорист дин, миллат ва ватан надорад». Терроризм ва экстремизм муқобили инсоният равона шудааст.

         Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Мутаасифона, баъзе ҷомеашиносон ин падидаи нангинро ба ислом марбут медонанд, ки иштибоҳи маҳз аст. Ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ҷангу хунрезӣ набуд ва рехтани хуни ноҳақ ҳам дар дин Ислом гуноҳи кабира дониста шудааст.

         Ифротгароӣ ғайр аз дин дар масъалаҳои иҷтимоӣ низ худро ошкор месозад. Ин гуна ифротгароён аз норасогиҳои ҷамъият, шароити номусоиди мардум истифода бурда, бо роҳи таҳдиду куштор андешаҳои нопоки хешро ирсол медоранд. Ранги парчами ифротиён ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист. Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки хеш расидан ба андешаҳои ифротгароӣ номи дини мубини Исломро доғ оварда, мехоҳанд, сафи «муборизон»‐и худро изофа гардонанд. Дини мубини Ислом ягон айбе надорад, ҳама айбҳо дар мусулмонии мост. Ин аст, ки намояндагони ифротиён ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гурӯҳи ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб менамоянд. Бо ин мақсади нопоки худ бо қатлу ғорат кирдорҳои ғайриинсонии худро нишон медиҳанд, ки ин ғайри дини мубини Ислом аст.

         Дар замони мо терроризм чун падидаи глобалӣ барои тамоми кишварҳо ва мардумони олам хатар эъҷод мекунад. Таъсиси созмону гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои исломӣ, ин бесабаб нест. Амали мазкур кори дасти душманони дини мубини Ислом буда, бо он нишон додан мехоҳанд, ки терроризм бо ин дин тавъам аст. Аммо  ашхоси худшинос ва бедор ин гуна ҳиллаю найранг ва ё бозии пасипардагии сиёсиро хуб дарк кардаанд.

         Дар чӣ ҳолат қарор доштани зиндагии мардуми кишварҳое, ки дар онҷо созмону гурӯҳҳои террористӣ фаъолият доранд, ба ҳамагон маълум аст. Давлати Сурия мисоли равшани он шуда метавонад.  Ин мамлакат дар гузаштаи начандон дур яке аз давлатҳои осоишта ва пешрафтаи араб маҳсуб меёфт. Касофатии ҷангу хунрезӣ ин мамлакатро ба вайрона табдил дода, сокинони он дар тамоми гӯшаву канори олам сарсону овора мебошанд. Онҷо низ сараввал ба таассуби динӣ фаро хонда шуданд, ки оқибат ба бехонумонӣ оварда расонид.

         Ҳамагон, хусусан ҷавонон бояд донанд, ки кадом созмону ҳаракате, ки набошад дар кадом гӯшаву каноре, ки набошад агар аз калимаи ислом дар номгузориву барномааш истифода кунад, донистан зурур аст ва ҳаргиз фаромӯш кардан лозим нест, ки ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро ислом ба ягон ҳизбу ҳаракат ва барномаи мукаммал ниёз надорад. Агар гурӯҳе бо чунин номҳои сохта барои манфиат ва ҳифзи ислом даъво мекунад, баръало маълум аст, ки ин фиребу дуруғ ва бозии сиёсӣ мебошад.

Бинобар ниҳоят зарур аст, ки ҳар як сокини кишвар зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша зидди ҳуҷумҳои иттилоотию гуруҳҳои ифротӣ мубориза барад.  Аҷдодони мо бофарҳанг, зирак, доно ва дурандеш буданд, мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештанши носӣ, худогоҳӣ ва инсонмеҳрварӣ тарбия намудан лозим аст. Соддагиву сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад.

         Имрӯз Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали Муттаҳид дар муқовимат бо терроризм ва экстремизм қадамҳои устувор мегузорад. Бояд ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон сиёсати Ҳукумату давлати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуда, нисбат ба терроризм ва экстремизм чун хатари бузурги аср муқовимат кунад. 

         Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ, озодию ободӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии он шахсро бо инкори ҳакикат гузашта, ба бегонапарастию кадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

         Боиси зикр аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият, мо ҳама дастҷамъона бо масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дорем.

         Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан мувофиқи мақсад аст.

         Бинобар ин мо - шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо тақвият бахшем, бепарво ва бетараф набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳмгузор бошем ва онҳоро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дорем. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърузаҳояшон пайваста қайд мекунанд, ин Ватан - Ватани мост ва онро агар мо ҳизф накунем, мо обод накунем, мо рушд надиҳем, бегонагон намекунанд.

Маҳмадова Гулноз – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.