Аксияи  тозагӣ

Панҷ:  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия пайваста маъракаҳои дастаҷаъмона гузаронида мешавад. Дар ин росто масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия баҳри тоза намудани гирду атрофи корхона ба аксияи тозагии дастаҷаъмона баромаданд. Дар ин кори хайр  кормандони Кумитаи иҷроияи  ноҳия фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи корхона  ва бехи дарахтони атрофи онро  рубу чин ва нарм намуданд.