Амният –заминаи пешравӣ .

Панҷ: Вокуниш  

Аз ҷумлаи масоили асосие ,ки дар паёми навбатии Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки нооромии вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза на танҳо мардуми мо балки  тамоми  комёбиҳову муваффақиятҳо , таҳаввули илму техника , рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум фароҳамсозии зиндагии ободу осуда ба амният ва оромиву осоиштагии мардум вобастагии қавӣ дорад.Ба ҳамаи мо маълум аст, ки давлатҳое ,ки  саноати  баландпоя ва иқтисодиёти пешрафта доштаанд ва шароити зиндагии мардумашон  хеле хуб буд, бар асари нооромиҳои  сиёсие ,ки дар ин мавзеъҳо  сар зад дар муддати кӯтоҳ ин кишварҳо ба давлатҳои қашшоқу нодор  ва вазъи зиндагии мардумашон хеле бад гардид.

          Тамоми муваффақиятҳову комёбиҳое,ки дар натиҷаҳои заҳмати чандинсола ба даст омадаашон дар як муддати хеле кӯтоҳ аз байн рафт.Яъне асосӣ ҳамаи ҳастӣ оромиву осудагӣ мебошад.Мардуми кишвари  мо  аз ҷумла ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд ва фирефтаи ҳар як гуруҳу ташкилотҳои ифротгаро шомил нашаванд ва фирефтаи  доми нопоки онҳо нагарданд.Пас бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бояд расид.Дуст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист.

Мо бояд ба  ҳеҷ касе иҷозат надиҳем , ки оромиву  осудагии ин кишвари маҳбубамон халалдор созад.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.