«СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ». ШАРҲИ КОРШИНОСОН ДОИР БА ҲАДАФҲОИ ЭЪЛОНИ ИН СОЛ.

Панҷ: Андеша  

 Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

      Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024  аз 30 декабри соли 2023 ва тавзеҳот ба ин фармон имкон дод, ки чунин ҳадафҳои ин солро муайян ва ошкор намоем:
      Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ.
       Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он.
        Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун.
        Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ.
Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ.
Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
Барои пурра ва мукаммал дарки ин ҳадафҳо онҳоро шарҳ медиҳем.
Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Оиди  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба сомон расонидани корҳои зерин саривақтӣ мебошад:
— дар барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани фанҳои ҳуқуқшиносӣ;
— ташкили низоми огоҳонии шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо;
— тақвият додани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
-таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ-ҳуқуқӣ;
-ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
-таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ ва ройгон ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид намудани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ.

Гузаронидани ин тадбирҳо ба баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамояд. Маърифати баланди ҳуқуқӣ- ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва итоат ба қонунро дар назар дорад. Одамони дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ нестанд, балки дар халли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамоянд. Мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.