Терроризм ба амнияти ҷомеа хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад

Панҷ: Вокуниш  

 Дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дунявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд.

         Ба андешаи муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Ин аст, ки ҷомеашиносони тоҷик омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломиро зарур мешуморанд. Аз тариқи омӯзиши бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии         Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаҳои нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд.

         Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти эктремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнуъ мебошад. Дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд доранд, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба аҳдофи худ аз ҳеҷ гуна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зӯроварӣ низ рӯ намегардонанд.

         Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Бо назардошти таҷрибаи солҳои 1990-92 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиеро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Бинобар ин мардуми тоҷик бо роҳбарии ҳукумати кишвар низоми давлатдории дунявиро, ки таҷрибаи давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ дарҷ гардидааст. Дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имконият ба рушди арзишҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад.

         Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Маҳмадова Гулноз – Мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.