Мавкеи забони точикӣ дар масири таърих.

Панҷ: Андеша  

Дар кишвари мо – Тоҷикистон Рӯзи забон ва Қонуни забон бо Қарори Ҳукумат ва Қарори Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Эҳтимол мардум ва роҳбарияти кишвар хавфе барои мавҷудият ва рушди забони худ дидаанд, ки чунин қонуне ворид сохта, чунин рӯзгоре муқаррар намудаанд. Забони тоҷикӣ решаю пайванд бо забони порсии бостон, порсии миёна (паҳлавӣ), порсии дарӣ – форсӣ умри наздик ба якуним ҳазор сол дорад. Аз ин рӯ, муҳаққиқон таърихи инкишофи забони форсиро ба се давра ҷудо кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки забони ҳазорсолаи мо забони илмӣ ва фарҳангӣ аст ва забони гуфтору навиштори имрӯза бояд ба фарогири ҳамон қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ ғановат ёфта, ҳусну зебоӣ ва умқи маънӣ бигирад. Содагии миёнаи забон ишора ба гусастагӣ аз суннатҳои илмӣ ва фарҳангии забонӣ медиҳад ва барои гӯшу ҳуш гуворо нест. Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯиши ом аз боло ба поён, дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ лозим аст. Камбудиҳои забонии дар аҳди шӯравӣ пеш омада аз истифодаи маҳдуд дар бисёр соҳаҳо ва ҳатто қатъ карда шудан иборат буд.

         Дар замони истиқлол давлат ба ҳидояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин маҳдудиятро бардошт. Дар ин марҳила барои пешрафту такомули забон як ҷаҳиши умумии илмӣ ва фарҳангӣ лозим буд ва кишвар рӯй ба ҳамин гуна инкишоф ниҳод. Ба назари мо, соле як бор ҳамоиши илмӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии вазъи забон, қабулу радди вожаю таркибҳои наву суннатӣ, бахусус ошкор намудани камбудиҳо дар забони васоити ахбор, забони расмию маъмурӣ ва дигар соҳоти забонӣ баргузор намудан лозим аст.

 Ба чунин ҳамоиш донишмандон ва форсизабонон аз кишарҳои дуру наздик даъват шаванд, зеро олимони хориҷӣ ба вазъи забонии кишвари мо аз мавқеи таърихӣ ва имрӯза таваҷҷуҳ бештар доранд.

Ҳамчунин донишмандони риштаҳои забоншиносии мо, ки миқдорашон хушбахтона кам нест, ба пажӯҳиши таърихи забон ва қавоиди назарию дастурии он маҳдуд нашаванд ва ба амалияи забон ислоҳи камбуду норасоиҳо ва хатоҳои замонӣ бештар эътибор диҳанд, зеро ин як бори масъулияти виҷдонии мову онҳост.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.