Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия

Панҷ: Вокуниш  

Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ

— муқовимат ба коррупсия — таъмини талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба коррупсия, таҳия, қабул ва амалисозии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ошкор ва бартараф намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсия ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ, баланд бардоштани фарҳанг ва маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ва таъмини иштироки фаъоли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия;

— истифодаи  мақом  ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати 1 ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд;

ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки  барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ  ва ҷиноӣ мегарданд;

субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд – шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигарро пешниҳод менамоянд;

— шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор – шахсоне, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансабҳои давлатии хизмати давлатиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад;  

— шахсони ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробаркардашуда – шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати номзад ба ишғоли мансабҳои давлатии интихобӣ ё аъзои мақомоти давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд;

вазифаҳои давлатӣ — вазифаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишѓол менамоянд, мансуб донистаанд;

— хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, доиодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.

Ҳақназарова Мавзуна- мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.