Модар-дилу дида ва дармонгарӣ саломатии тамоми инсонҳост

Панҷ: Андеша  

   Модар шахси бузург ва муқаддас аст. Ҳангоме ки чеҳраи зебои модар пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нуру сафо меборад. Ин нур пайроҳаи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳастии зиндагӣ буда, аз ҳама ноёбтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба монанди хуршеди оламафрӯз аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқу муҳаббати поки модар ба мисоли чашмаҳо ва дарёчаи пурҷӯшу хурушест, ки дашту биёбон ва бодияро гулистоне мекунад, ки инсоният аз он ҳаловату таровати хосаеро ба худ мегирад. Зеботарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин каломи Модар мебошад. Модар ту болои дилу дидаи мо фарзандонӣ! Таҳти ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву нақши хоксорӣ, ишқу садоқат ва дилбастагиву дилдодагӣ бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат нуҳуфтааст. Дар дунё муқаддастар ва пуртуғёнтар аз модар дида ганҷинаи ноёбе нест ва тамоми ҳастии вуҷуди мо аз модар аст, маҳз бо туфайли модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модар! Модарҷон! Меҳру муҳаббати самимии модар ва шабзиндадориҳои модар-ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар аст, ки мо арзи ҳасти дорем. Кист он касе, ки суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад ва аз гармии меҳру муҳаббати ноком гашта бошад.

Модар! Ту чашмаи умед ва ҳаёти инсоният ҳастӣ ва ҳаёти инсон ба ту вобастагии ногусастанӣ дорад. Вожаи Модар калимае мебошад, ки дар тамоми забонҳои олам якранг бо садои оҳанги навозишкорона танинандоз аст. Новобаста аз сину сол инсон барои ӯ меҳру муҳаббати модар-навозишу нигоҳи вай зарур аст, чунки ягона меҳри беандозаи модар метавонад, ки моро ба олами маони раҳсипору ҳомӣ бошад. Ҳар қадаре, ки муҳаббати кас ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшонтару самими- тар мегардад. Модар! Бе ту ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайзу баракат нахоҳад гашт. Файзу иқболи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне ҳастӣ, ки роҳи фарзандонатро равшан месозӣ. Модарам ту ягона мунисаму розгӯю рафиқам, дастгирам дар парешонҳолию номуназзамии ҳаётам, дар ғаму андӯҳ, лаззатам дар ҳаёту роҳатам дар мамотам, ту умеди зиндагии имрӯзу фардоям, ту мураббии ҳаётам ва нури хонадонам. Ту худ ҷон ба каф гирифта, маро ба ин олами пур аз шуру шар ва пур аз азобу машаққат овардӣ, ҳаммаслаки ситораҳо гардида, дар сари гаҳвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шудӣ, бо чашмони хастаат навозишам кардию бо дили афсурдаат ҳимояам намудӣ. Модар, ту тамоми ҳастии зиндагиям ва нурбахшӣ ҳаёту мамотам ҳастӣ. Ҳар он гоҳе ки симои модарам пеши чашмонам меояд, он барозандагиву муҳаббат ва айёми кӯдакиям ба мисоли як мавҷи босуръати дарёи пур аз туғён дар пеши чашмонам вонамуд мешавад. Модар, ту ҳамеша барои ман муаззаму муқаддасу мътабарӣ.

         Модар-зан аст. Зан бошад, олиҳаи ҳусну малоҳат ва симои хонадон аст. Адибону олимону шоирон ва бузургону фарзонагони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханҳои меҳрбор ва нотакрор гуфтаанд. Ҳамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавҷудоти олам зеботару волотару ноёбтар аст. Хушбахтона имрӯз соҳае нест, ки дар он занҳо кору пайкор надошта бошанд ва дар ҷамъияти имрӯза занон дар баробари мардҳо истода кору меҳнат мекунанду мамлакат аз дасти онҳо гулгулшукуфон мегардад.

Маҳмадова Гулноз-мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.