Аз таърих сабақ бояд омӯхт.

Панҷ: Андеша  

Таърих худ устоди бузурги ҳаёт буда, таълимдиҳандаи инсон ба шумор меравад. Гузашти вақт, ки дар саҳифаҳои таърих бо талхиву шириниаш сабт мегардад, таҷрибаи муайяни зиндагиро ба вуҷуд меорад. Аз гузашта сабақ меомӯзанд, сабақи гирифтаи худро баҳри таълим ва тарбияи насли наврас истифода мебаранд, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят менамоянд.Он чиз беҳуда нест, ки ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо ҳатман бо шахсони калонсону рӯзгордида маслиҳат карда мешавад, дуои неки онҳо гирифта мешавад.

Ҳар рӯзе, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад, як таҷрибаи бои зиндагист. Таҷрибаи бои зиндагист, ки аз он сабақ гирифта мешавад. Беҳуда нагуфтанд, моргазида аз ресмони ало метарсад. Ӯ ба хотире аз ресмони ало метарсад, ки худро аз газанди мор эмин нигаҳ дорад. Гар шахс аз гузашти айём барои худ аҷрибае ва ё баҳрае нагирад, пас ӯ наметавонад ин таҷриба ва ин баҳраро аз устоде ва ё аз шахсе гирад. Ба қавли шоир

Ҳарки наомӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Магар таърих нест дар хотираҳо нақш бастаанд бузургзани тоҷик малика Томирис, ҷавони чусту чолок Шерак, ҳомии Ватан Спитамену Темурмалик. Онҳо ҳама таъриханд. Таърихи гузаштаи халқи тоҷик, гузаштаи бою ғании халқи тоҷик, саҳифаҳои бонангу ори халқи тоҷик.

Таърих худ меомӯзад шахсро,  аз хатогии худ, аз гузаштаи худ, аз таҷрибаи рӯзгори худ. Ӯ қадамзанон андеша мекунад, андеша аз рӯзгори гузаштаи худ. Саҳифаҳои ҳаёти худро варақгардон менамояд, таку рӯ менамояд, чизеро мекобад. Гузаштаи худро бо тарозуи ақл бармекашад. Ӯ кист, кӣ буд, кӣ шуд, бо ӯ чӣ хоҳад шуд. Андеша мекунад, умри худро чигуна паси сар кардааст, он чигуна дар саҳифаҳои таърих нақш бастааст, оё насли ӯ метавонад аз гузаштаи ӯ дар оянда ифтихор намояд, оё ояндагони ӯ аз ӯ фахр мекарда бошанд, аз рӯзгори гузаштаи ӯ бо ифтихор сухан мекарда бошанд.

Ҳақназарова Мавзуна –мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХД дар ноҳияи Панҷ .