Терроризм равияи номатлуб дар ҷомеа

Панҷ: Вокуниш  

          Терроризм яке аз равияҳои тундгарои ҷомеа буда, имрӯзҳо ба ҷомеа таъсири хеле манфии худро расонида истодааст. Терроризм асосан ба мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рӯйи даст гирифтааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намудаву фирефта шуда, аксаран ба доми он меафтанд. Аз ин сабаб хеле хуб мешуд, ки ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароён, ки дар хориҷи кишвар истода, бо ҳар баҳона онҳоро фиреб доданӣ мешаванд, набояд фирефта шаванд. Чунки онҳо зиндагии осудаву бароҳати худро халалдор менамоянд ва он вақт пушаймонӣ суде надорад.

Аксари онҳо бо супориши хоҷагони худ амал мекунанд ва аз болои бадбахтиҳои овардаашон ба сари ҷавонони гумроҳе, ки онҳо ба доми худ афтондаанд, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои харакатери динӣ-экстремистӣ шомил намудаашон маблағҳои ҳангуфтеро ба даст меоранд. Худ қазоват намоед, ки маблағ ба кисаи онҳо мераваду аммо бадбахтиву сарсонӣ ва ғарибиву ҷиноят ба сари ҷавонони гумроҳ меафтад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ оид ба хатар будани экстремизм ва терроризми динӣ изҳори нагаронӣ намуда буданд, ҷавонон набояд ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шаванд.

         Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
          Онҳо то баҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
         Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.

          Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд”

         Ҷавонон бояд, ки аз ин гуфтаҳои Сарвари сиёсии кишвар барои худ хулосаҳои ҷиддӣ бигиранд ва дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш бошанд. Зеро, ки аз ин оромиву осудагии кишвар вобастагӣ дорад.

Ҳақназарова Мавзуна –мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХД дар ноҳияи Панҷ .