МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ - ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТ

Панҷ: Вокуниш  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навин, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ талош намуданд, ки ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор гузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоранд.

Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввалин Паёми худ ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2001 қайд намудаанд, ки “Вазифаи муҳимтарини ҷомеаи дорои иқтисодиёти бозаргонӣ мубориза бо коррупсия мебошад”.
Дар ин самт, Роҳбари давлат ҷиҳати таъмини иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдорро ҳамон замон вазифадор намуда буданд, ки иҷрои санадҳои қонунгузориро амалӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионии ҷомеаро баланд бардоранд.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар паёмҳои ҳамасола ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия, бахусус оид ба гирифтану додани пора, азонихудкунии маблағҳои давлатӣ, истифодаи мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғайра аз ҷониби кормандони соҳаҳои мухталифи давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, назорат ва суд ба кам кардани монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ, ҷорӣ намудани низоми оддӣ, ислоҳоти ҳуқуқӣ ва ба танзим овардани сохтори қонунҳо мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ барои мубориза бо коррупсия, хатари эҳтимолияти фасодшавии бисёре аз соҳаи фаъолияти давлатӣ ва шаклҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба воқеият табдил дод.

Барои баланд бардоштани самаранокии чораҳо, ки дар доираи мубориза бо коррупсия дар сатҳи миллӣ ва алахусус байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, зарур аст, ки коррупсияро эътироф карда, дараҷаи таъсири онро ба давлат ва ҷомеа дарк намоем.
Бинобар ин, ҷиҳати пешгирӣ ва сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, коркарди барномаҳои зиддикоррупсионӣ, ки ба демократикунонии тамоми соҳаҳои ҳаёт иҷтимоӣ, озодиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ равона гардидааст, зарур мебошад.
Зеро ин намуди ҷинояткорӣ ба волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон таҷовуз намуда, таъмини адолати иҷтимоиро коста мегардонад, ба рақобат ва рушди иқтисодиёт монеъ шуда, фаъолияти дурусти иқтисоди бозорӣ, устувории институтҳои демократиро вайрон месозад.

Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам тақвият ёфтани фаъолият зиддикорупсионии мамлакат, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат маҳсуб меёбад, мо метавонем танҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, эҳсоси садоқат ба Ватану миллат ва эҳтиром ба Сарвари давлат шаффофият ва субботу оромиро, ки асоси зиндагии арзандаю шоиста ва рӯзгори пурсаодати сокинони кишвар мебошад, таъмин намоем.

Маҳмадова Гулноз-мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Панҷ.