Талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ

Панҷ: Вокуниш  

Вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти номатлубу даҳшатовар дар мисоли терроризм ва экстремизм, ки барои ҷомеаи башар, сулҳу субот, амнияти давлат ва рушди устувори ҷомеа таҳдиди бевосита менамояд, на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки сайёраро ба ташвиш овардааст. Таҳлилҳо собит сохтаанд, ки терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба аъзои ҷамъият ё намояндаи ҳокимият бо мақсади заиф кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, зоҳир мегардад.

Агар ба таърихи зиндагию рӯзгори инсоният назар афканем, мебинем, ки дар баробари рушду пешрафти ҷомеа ва падидаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ҳамчунин омилҳои хатарзо ҳам арзи ҳастӣ кардаанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Аммо дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Болотар дар бораи терроризм зикр кардем, вале дар радифи ин зуҳуроти манфии ҷомеа экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, шаҳодат медиҳанд, ки тайи солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ харакатери нав касб карда боз ҳам даҳшатовару бераҳм гардида, паёмадҳои хатарзоро ба раванди зинадгии мардум ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаистодаанд.

Тавре ишора кардем Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба экстремизм ва терроризм, ки имрӯз хусусияти ба истилоҳ "интернатсионалӣ" пайдо кардаанд, на танҳо дар дохили кишвар балки берун аз он низ пайваста изҳори назар менамоянд ва барои решакан кардани ин зуҳурти манфӣ, ҳамкориҳои байнидавлтию байналмилалиро тақозо кардаистодаанд.
Тибқи таҳлили коршиносон терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад, ки бо ин роҳ мехоҳанд харитаи иқтисодию сиёсии сайёраро ба манфиати худ мувофиқ созанд. Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва барпо кардани ақидаҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.
Мутаасифона дар баробари хатарҳои мудҳишу манфури терроризм, ки дар ҷаҳони муосир афзоиши хатари байналхалқии он бештар гардидааст, проблемаи дигари он, ки боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳони гардидааст, ин бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш гардидани ин падида мебошад. Бо вуҷуди он, ки дини ислом бо терроризм ва экстремизм ягон робитае надорад ва баръакс таълимоташ зидди ин зуҳуроти хатарнок нигаронида шудааст, вале гуруҳхои манфиатҷӯ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ, аз он сӯиистифода мекунанд.

Маҳмадова Лайло-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ.