Вохурии судманд

Панҷ:  

Дар асоси дастуру супоришҳои раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон ва бо мақсади таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сана 11- апрели соли ҷори дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо иштироки гуруҳи кори самти иҷтимоии вилоят оид ба эълон намудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқи” вохурии судманд баргузор гардид. Ҳамзамон вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла оид ба вазъи ба вуҷуд омадаи сиёсии ҷаҳон мушкилиҳо дар соҳаи самти хоҷагии қишлоқ самараноку мақсаднок истифода бурдани заминҳои фермерию наздиҳавлигӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷилвагири аз таълими ғайри расмии динӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ибрози ақида намуданд.