Мазан бар сари нотавон дасти зӯр

Панҷ: Андеша  

Мо насли ҳозира бояд мероси ниёгони худро эҳтиром намоем, то насли оянда моро эҳтиром намоянд. То оне ки насли оянда моро ба дигарон ҳамчун «Садриддин Айнӣ»,  «М. Турсунзода» муаррифӣ нанамоянд. То оне ки онҳо соҳиби фарҳангу маданияти баланд гарданд. Ба ояндагони худ эҳтиром намудани гузаштагони худро омӯзонем, то онҳо аз насли гузаштаи худ ифтихор дошта бошанд. Биёед ба онҳо аз худ чизеро ба онҳо боқӣ монем. Чизеро, ки онҳо аз мо ба хубӣ ёд кунанд. Чизеро, ки мо аз гузаштагони худ ба мерос гирифта будем. Мо бояд ба ояндагони худ ҳамонеро мерос монем, ки гузаштагони мо онро бароямон мерос гузошта буданд.

Ҳар як инсон дар зиндагӣ бояд мулоҳизакор, боандеша ва мардумдӯст бошад. Ҳамеша кӯшиш намояд, то ба дигарон мададрасону маслиҳатчӣ ва ибрату дилбардор гардад. Зеро ҳамаи одамон новобаста аз зӯру тавон ва ақлу фаросаташон зодаҳои инсонанд. Шахсиятанду пеш аз ҳама дар назди худу атрофиён қадру қимате доранд. Даме болидаруҳанду дами дигар афсурда, фурсате далеру ҷасуранду даме нотавон, муддате соҳибиззатанду бо мурури замон ба мададу дастгирие эҳтиёҷ меоранд. Инсони комилро мебояд ақлу заковати бузурги хешро кор фармуда, нисбати фарзанди бузурги инсоният, зодаҳои модарони зору ғамхор, ки бо захмати зиёд ҳамчун шахсияти баркамол ба воя расидаанд, мулоҳизакор бошад. Якеро дорову дигареро нодор, якеро заифу дигареро пурқувват, якеро донову бархеро нодону номурод напиндорад. Ҳар як амалу кирдори худро дар тарозуи ақл баркашад, нисбати инсоният равона созад.

Аксарияти одамон дар ҳолати хашму ғазаб рафтору кирдорҳои ношоиста ба анҷом мерасонанд, ки худ аз он бехабар шуда мемонанд. Ғазаб ҳолатест, ки боиси ҳаракат кардани рӯҳи ҳайвонӣ шуда, аз сабаби шиддати он ақли инсон тира мегардад. Яъне пардаи сиёҳи хашм нури ақлро тира месозаду инсон гуфтору рафтори хешро идора карда наметавонад. Агар инсони хашмолударо ором насозанду оташи ғазабашро афрӯхтан гиранд, ӯ ба ҷинояти бузург, аз қабили зарбу лат ва куштор даст мезанад. Дигар тоифа одамон бо дӯстону наздикон аз ғояи хашму ғазаб суханони қабеҳ мегӯянду дағалона рафтор мекунанд. Баъд аз паст гаштани оташи хашму ғазаб аз кирдорҳои худ пушаймон мегарданд.

            Ҳақназарова Мавзуна –мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ