Коррупсия – яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумумиллӣ .

Панҷ: Вокуниш  

  Метавон гуфт, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯзи ҷаҳони муосир маҳсуб ёфта, пешгирии он омӯзиши ҷиддӣ, муносибати махсус ва муқобилияти дастаҷамъонаро талаб менамояд. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои ҳарсолаи худ, муборизаи ҳамагониро бар зидди амалҳои номатлуби коррупсионӣ таъкид карда, решакан намудани ин падидаи номатлуби ҷомеа- ро қарзи шаҳрвандӣ ҳар як фарди баору номус меҳисобанд.

Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад”.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз ин вабои аср тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.

Мубориза бар зидди коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рӯ, ҳар кадоми моро зарур аст, ки доир ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва фароҳам овардани фазои оштинопазир нисбат ба чунин амалҳои номатлуб тадбирҳои назаррас андешем.

            Ҳақназарова Мавзуна –мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ