БАРГУЗОРИИ БОЗИИ ВОЛЕЙБОЛ МИЁНИ ҶАВОНДУХТАРОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Панҷ: Созандагони ватан  

         Бахшида ба 29-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил гардидани он, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Панҷ мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол баргузор гардида истодааст.

         Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ”-и ноҳия, мусобиқаи варзишии намуди волейболро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” ба роҳ монданд, ки дар он ҷавондухтарон ва бонувон фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати балнди варзишӣ нишон доданд.