БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ

Панҷ: Созандагони ватан  

 

         Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба омадни ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар  ташкилоти ибтидоии Фарҳанг дар маркази боғи ноҳия мусобиқаи варзишӣ аз намуди шашка гузаронида шуд.

         Қабл аз оғози мусобиқа масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳозиринро оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, нақши бузурги Пешвои маҳбуби миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор ва пойдории сулҳу субот дар кишвар, дастгирии беандозаи ҷавонону варзишгарон, тарзи дурусти ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ибрози андеша намуданд. Дар фарҷоми чорабинии варзиши ба ғолибони мусобиқа  туҳфаҳои хотирави  ва сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ тақдим карда шуд.