БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси ҷадвали тасдиқ намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ, Аксияи муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ" баргузор гардида истодааст.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раёсати маорифи вилояти Хатлон амалӣ гардонида мешавад.

Чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани, ҳисси ватандӯстии хонандагону ҷавонон, ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ таъсири хеле мусбат мерасонад.

         Ин навбат мавзӯи дарсҳо, "Тоҷикистонро ба кишвари сабз табдил медиҳем" ва "Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи Ватандӯстӣ" мавриди суҳбату баррасӣ  қарор  дода  шуд.

Чунин ташаббус дар муассисаи таълимии - №47 ноҳияи Панҷ баргузор карда шуд.

         Зимни баргузории Соати сиёсӣ бо хонандагон  таъкид карда шуд, ки ҳар яки мо масъул мебошем ки дар ободонии маҳалли худ ва сарсабзу хуррамгардонии ватани азизи худ саҳмгузор бошем.