ПАЁМ - МАСИРИ БУНЁДКОРӢ ВА САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНИИ ДИЁР.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

         Сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулияти ҳар як фарди хештаншиносу ватандӯстро баланд бардошта, ҳамчун мактаби бунёдкориву ҷасорат масири худшиносиро талқин менамояд, ки хӯрду бузурги сарзамини миллати куҳанбунёди тоҷик дар пешрафт, ободонӣ ва сарсабзии диёр саҳми шоён мегузоранд.

         Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизамон ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинони баргузор гашта истодааст, ки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ дар ҳамоҳангӣ бо дигар муассисаву ташкилотҳои давлатӣ, аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб дар ободӣ ва сарсабзу хуррамгардони гирду атрофи ноҳия саҳми муносиб гузошта, дархтони ҳамешасабз ва ороиши шинонида истодаанд, ки ба ҳусни ноҳия зебогии даҳчанд зам менамояд.