Аксияи тарғиботии амалии “Якҷоя месозем!”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Пешвои миллат – Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати сазовор ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Панҷ рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст. Дар ҳамин доира бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва саҳми ҷонибдорон ва фаъолони ҳизб дар ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ дар деҳаи Шоҳмот аз ҷониби аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳсоз» роҳи марказии ноҳия зиёда аз 2 км роҳ мумфарш карда шуд. Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд.