Ҳашари дастаҷамъона баҳри зебогии як гӯшаи диёр

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу  зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкори  дар  ташкилоти ибтидоии “Сино” - и ноҳияи Панҷ,  ҳашари дастаҷамъонаи  коллективи кормандон  доир гардид. Дар ин ҳашари дастаҷамъона иштирокдорон  бехи дарахтон ва заминҳоро нарм намуданд. Бехи гулу гулбуттаҳоро тоза карданд. Чунин ҳашарҳои дастаҷамъона баҳри тозагиву зебогии ноҳия дар ҳафтаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.