Роҳҳои маҳал сангфарш карда шуд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

      Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо вусъат идома дорад. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” ва аъзоёни фаъоли ҳизб, саховатмандону соҳибкорон, корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ ба истиқболи 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Дар ин росто роҳҳои байни маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ ободу азнавсозӣ гардида истодаанд. Бо ин мақсад ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии номбурда дар ҳамкорӣ бо сокинони маҳал зиёда аз 2км роҳҳои ҳудуди маҳаллаи ба номи Зебуннисои ҷамоати шаҳраки Панҷро таъмиру азнавсозӣ ва сангфарш карда, симои деҳаро кулан тағир доданд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии болозикр тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ раванди корҳои ободониро вусъат бахшида, ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда ҷашн гиранд.