Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи аввали соли равон ва вазифаҳо барои оянда

Панҷ: Ҳисобот  

 

Санаи 11- майи соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ бо иштироки узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи Марказии ҲХДТ, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил, аъзои раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ баргузор гардид. Дар он раиси Кумита Файзизода ба сухан баромада, фаъолияти сохторҳои ҳизбии ноҳияро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ таҳлилу баррасии амиқ намуда, каму кост, камбудию мушкилотро ошкор ва вазифаҳоро барои нимсолаи аввали соли равон мушаххас муайян намуд.

Музокирачиён низ, дар навбати худ, саҳми арзандаи ҳизбиёни ноҳияро дар амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии ҳизб назаррас арзёбӣ намуда, бобати тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари ҳизбӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб намуданд.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.