Баргузории аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ".

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба маълумоти  Шумо мерасонад, ки тибқи банди 3-и нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  санаи 25-уми декабри соли ҷорӣ дар ҷамоатҳои  деҳоти ба номи  Кабуд Сайфуддин, аз ҷумла деҳоти 16-солаги истиқлолият,  ва деҳаи Ҳамдилон, дар ҷамоати “Нури Ваҳдат” деҳа Вахё ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Дар ин ҳашари умуминоҳиявӣ сокинон ба тоза намудани қабристонҳо, аз ҷумла тоза намудани дохилу атроф аз алаф ва рустаниҳои худрӯй, тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ машғул шуданд ва дарахтони мевадиҳанда низ шинонданд. Дар ин амалиёти умуминоҳиявӣ сокинони маҳал иштирок дошта, аз ҷумла имомхатибони маҳаллаҳо,  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёну фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.