83138 2-40-07

Соати сиёсӣ дар муассисаҳои таълимии деҳот.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  27 сентябри  соли ҷорӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  оид ба  таҳкими  низоми  таълиму тарбия  дар муассисаи  таълимии умумии №22  маҳалаи  дурдасти  Навдеи  шаҳри  Норак   оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои  интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  суҳбат  гузарониданд.

Инчунин, вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуданд.