83138 2-40-07

Рӯзи Ёдоварӣ.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25- сентябри  соли ҷорӣ дар асоси нақшаи муштараки амалиёти умумивилояти оид ба тоза намудани дохил ва атрофи ОРОМГОҲҲО зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр, аъзоёни бахши Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” оид ба тоза намудани дохил ва атрофи Оромгоҳҳо аксияи ҳизби таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” доир карда шуд.

Дар ин руз беш аз 80 нафар сокинон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оромгоҳои  маҳаллаҳо барои тоза намудани  гирду атроф оромгоҳҳо  ва  рост кардани симтурҳои гирди оромгоҳ баромада саҳми арзандаи худро гузоштанд.