83138 2-40-07

Соати сиёси ва мактаби ман дар муассисаҳои таълимии шаҳр.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  24 сентябри соли ҷорӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи шаҳр оид ба  таҳкими  низоми  таълиму тарбия  дар  муассисаҳои таълимии шаҳр бо  собиқадорон ва фаъолони  маҳал вохӯрӣ  дар муассисаи  таълимии умумии №3 оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  ва Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон суҳбат гузарониданд.               

Инчунин, баромадкунандагон вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ибрози назар намуданд.