83138 2-40-07

Корҳои ободони бо маром рафта истодааст.

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар шаҳри Норак мунтазам  корҳои ободонӣ баргузор мегардад.

Бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак корҳои созандагиву бунёдкорӣ аз ҷумла таъмиру мунфаршкунии роҳҳои  кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр аз ҷониби ташкилоти  ибтидоии  “Роҳбалад” ва соҳибкорони маҳалӣ бо маром рафта истодааст.