83138 2-40-07

Сангфаршкунӣ дар роҳҳои маҳал

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашма -2” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” доир гардид.  

Корҳои ободониву созандагӣ ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон роҳандозӣ гардида, дар маҳалаи Чашма  ҷамоати деҳоти Дукони ба  масофаи 270 мт роҳ бо ҷалби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Чашма -2” дар сатҳи хуб ташкил ва гузаронида шуд.