83138 2-40-07

МУМФАРШКУНИИ РОҲ ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо дар деҳаву маҳалла, хиёбонҳои марказии шаҳри Норак корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем" бо маром идома дорад.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ моҳияти ташаббуси мазкур дарк намуда, ҷиҳати амалигардонии он кӯшишҳои пайваста намуда истодаанд.

Ин навбат аз тарафи ташкилоти ибтидоии "Роҳсоз" дар доираи ташаббуси мазкур роҳи маҳалаи Кибили  ҷамоати "Пули Сангин" ба  масофаи 60 метр бо иштироки аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур мумфарш гардид.

Корҳои созандагиву бунёдкорӣ махсусан сангфаршкуниву мунфаршкунии роҳҳои аҳмияти маҳаллӣ дошта дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сурат гирифта ҷиҳати иҷрои ин дастурҳои муфид сокинони маҳал пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Зеро бо сиёсати хирадмандони Пешвои миллат шаҳри Норак имрӯзҳо ба як шаҳри сайёҳи ва пешрафта табдил гардида, ҳамарӯза сайёҳони дохиливу холриҷи аз ин шаҳри Нурофар дидан ба амал меоранд.